Субҳасту даҳр аз хуррамӣ чун равзаи ризвони нигар

Ҷунбидани боди сабои ҷилвагар бустони нигар

Хандид хуршеди фалак чун сурхи гул дар бӯстон

Аз хандаи он сурхи гули офоқро хандони нигар

Дар чашмаи хуршед агар обии надидаи сетии гуҳӣ

Хезанд чун зи хоби хуш , рӯ шустани хубони нигар

Рукни сарири мамлакат каз давлати қутби ҷаҳон

Арқони малику дайни қавӣ аз рӯй чори арқони нигар

Волои ҳасани дастури шаҳ каз баҳри ваҷҳи олимӣ

Аз кафи дасташ ҳар хаттии дебочаи эҳсони нигар

Бинмуда пеши меҳру ма аз лавҳи маҳфӯзи оятӣ

Коинки зи баҳри умри худ маншури ҷовидони нигар

Гар субҳи машриқ , хсрўо , аз осмон толеъ шавад

Субҳи саодатро тулӯъ аз фари хсрўхони нигар