Зулфат аз бод дигар бошад ва аз шона дигар

Ҳаст як фитнаи лабат , наргиси мастона дигар

Дар ғамати ҷони з танам рафту хаёл ту бимонад

Оқибати хеш дигар бошаду бегона дигар

Дили осӯда дигар , ҳоли парешон дигар аст

Шаҳри обод дигар бошаду вайрона дигар

Аҳли сӯрат ки худорой буд , сӯхтанӣ аст

Карами шаби тоб дигар бошаду парвона дигар

эй дили афсона ки гуфтӣу ббрдии хобам

Баҳри хоби аҷалами гӯии як афсона дигар

Ба такаллуфи бишавади ишқи гарони ҷони хирад

Биҳши бода дигар бошаду девона дигар

Оқибати гашти дурӯғи ончии гумон май бурданд

Ки чу хусрав набӯд оқилу фарзона дигар