Сӯем он наргис бехоб набинад ҳаргиз
Бахтами он турра қуллоб набинад ҳаргиз
Ҳар дамаш , саҷда кунанд анҷуму меҳру мау чарх
Юсуфи ин мартаба дар хоб набинад ҳаргиз
Ҳар замони ханда дигар кунад он шӯрангез
Доғи дерина асҳоб набинад ҳаргиз
Бемуҳобо кашад ва шарм надорад , оре
Рӯй қурбонӣ қассоб набинад ҳаргиз
Тамаъи меҳру вафои ҳиммати кӯтаҳ назар онаст
Марди ишқи ин ҳама асбоб набинад ҳаргиз
Ҳар шикорӣ ки фитад пеши ту , эй тирандоз
Сирӣ аз новак партоб набинад ҳаргиз
эй муаззин , макаши овоз ки ҳаст ин дили ман
Бути парастӣ ки ба миҳроб набинад ҳаргиз
Хусрави он шаб ки ба кӯй ту равад аз ғайрат
Сояи хеш ба маҳтоб набинад ҳаргиз