Биё ки базми тарабро чамани ниҳоди асос
Биё ки боди сабои гашти исавии анфос
Бануш бодаи гулгун ба тарафи боғ ки ман
зи по фитодаам аз дасти меҳнати ифлос
Чаҳ ҳикмат аст надонам ки соқии гардун
Мудоми хӯн ҷигар медиҳад маро аз кос
Касе зи чеҳраи мақсӯд худ наёфт нишон
Азон замон ки ниҳоданд сарнигӯни ин кос
Ба роҳи каъба ки аз ҳар тарафи камӣн гоҳе сет
Агар зи хеши гузаштӣ , қадам манеҳ ба ҳарос
Касе ба далқи мураққаъ , куҷо шавад дарвеш ?
Чу сина соф набошад , чаҳ суди тарки либос ?
Дарун чу пок шавад аз кудурати ағёр
Ту хоҳи ҷома атлас бапуш , хоҳи пилос
Ҳадиси дӯзаху ҷинат дигар магӯ хусрав
Висоли ёр талаб кун , гузари азин васвос