Зиҳӣ намӯда азон зулфу оризу рухи хуб

Яке саводу дувуми нуқтау сими мактуб

Саводу нуқта ва мактуб ӯст бар дили ман

Яке балоу дувуми фитнау сими ошӯб

Балоу фитнау ошӯб ӯ буд мо ро

Яке муроду дувуми мӯнису сими матлӯб

Муроду мӯнису матлӯб ҳар се аз ман шуд

Яке ҷудоу дувуми ғолибу сими мағлуб

Ҷудоу ғолибу мағлуб ҳар се боз ояд

Яке ғулому дувуми давлату сими мркўб

Ғулому давлату мркўб бо се чиз хуш аст

Яке ҳузуру дувуми шодӣу сими маҳбӯб

Ҳузуру шодӣу маҳбӯби ман буд хусрав

Яке шаробу дувуми соқӣу сими маҳбӯб