Дил ки барад аз мо агар чаҳ мубтало ме дорадаш

Гар хушаст ӯро бад-ӣн бигзор то ме дорадаш

Аз ки пурсам то куҷо медорад он дармондаро ?

эй сабо , аз ман бипурсӣ ҳар куҷо ме дорадаш

Панд гуяд ақл , лекин кӣ кунад фармони ақл ?

Онкӣ бефармон ӯ дил дар бало ме дорадаш

эй мусулмонон , зи оҳи ошиқон ёдаш диҳед

Кони рақиби номусулмон бар бало ме дорадаш

Ғамзаи ҷондории сети он султони хубонро рафиқ

Каз паии ҷони бурдани муштӣ гадо ме дорадаш

Чанд монад ҷони мискинӣ ки ҳар шаб то саҳар

Ҳамчуи беморон ба афсӯс ва дуо ме дорадаш

Сарвро набӯд қабо сарваст болояш , валек

Бебалое нест он кандар қабо ме дорадаш

Аз аҷал нолад ҳамаи кас кӯ кунад ҷонро ҷудо

Ман зи бахти хештан каз ман ҷудо ме дорадаш

Чанд гуҳ дигар нахоҳам кард ҳам бо ӯ вафо

Он ҳамаи хӯбӣ ки бо мо бевафо ме дорадаш

Гар саломат нест , борӣ кам зи дашномӣ казу

Гӯши хусравро ки дар роҳ сабо ме дорадаш