Дидам чу офтобӣ дар сояи кулоҳаш

Сояи гирифтаи маро зон турраи сиёҳаш

Аз бас ки дар кулоҳаш бар дӯхтам ду дида

Бодомае нишондам бар пистаи кулоҳаш

ӯ чашм дошт бар ман , ман зулф ӯ гирифтам

То бӯ ки зиндаи монам зон ғамза дар паноҳаш

Дил рафт ва дар занхдонаш овоз додам ӯ ро

Гуфт инакам муъаллақ дар нимаи роҳи чоҳаш

Бинвишт оризаши хат аз баҳраи арзи хӯбӣ

Онкӣ ба гирди ориз саф мекашад сипоҳаш

Ман чашм менаёрам каз вай нигоҳ дорам

Ёрб магари ту дорӣ аз чашми ман нигоҳаш !

Кард он гунаҳ ки хусрави бахшидаи хости бӯсӣ

Бахшед нест , ҷоно , гар ҳаст ин гуноҳаш