Дили барад ва Зуҳра нест ки он боз хоҳамаш

ё худ зи сабри рафтаи нишон боз хоҳамаш

Зонҷо ки носабурии девонагон буд

Пайдоаши дили даҳум ба ниҳон боз хоҳамаш

Неи худ чу дил ки ҷони гиромии ситади зи ман

Ҳаргиз дилам нахост ки ҷон боз хоҳамаш

Бошад шабӣ ки то ба саҳар роз гӯямаш

Ва он роз гуфта субҳдамон боз хоҳамаш

Бӯсӣ ба воми баради хаёлаши зи ман ба хоб

Борӣ дигар чу нест ҳамон боз хоҳамаш

Донам яқин ки бор наёбам азу , валек

Таскини хешро ба гумон боз хоҳамаш

Дай боз кард лаб ки забонӣ диҳад маро

Имрӯзи узри лаб ба забон боз хоҳамаш

Баси узрҳо ки гуфт ба хусрав ба гоҳи васл

Ин узр низ агар битавон , боз хоҳамаш