Хизр дар кӯй ӯ раҳ гум кунад зон шакли мавзунаш

Таъолии аллоҳи магар аз оби ҳайвони рехт бе чунаш

Мабод он пойро дардӣ хиромон кард , гӯ бигузар

Ту май доне ки хокаст он , вале хӯнаст маъҷунаш

Нисорӣ гар кунад чашмам ба пешат по мазан , ҷоно

Ки ҳосил шуд ба сад хӯни ҷигар ҳар дар макнунаш

Матоъи дил бурун кардам зи дил , эй ёр , азон гесу

Мҷнбони силсила каз дил наёрам кард берунаш

Битарсам аз чунон рӯзӣ ки бошам рафта аз олам

Таъаллуқ ҳамчунон боқӣ ба сӯии зулфи шбгўнш

Дурӯғаст ин ки кард олӯда аз хӯни ҷомаи Юсуф

Ки чун бар чашм ёқӯб омад олӯда шуд аз хунаш

Ба васфи Лайлӣ ар шармандаам дар ошиқӣ , борӣ

Биҳамдиллоҳ ки шармандаи ним аз рӯй маҷнӯнаш

Фусун хонро ба сад зории ҳамеи бӯсами қадам , лекин

Чаҳ чора чун парӣ ҳозир намегардад ба афсунаш ?

Ҳасад май барадӣ , эй душман , зи ақлу дониши хусрав

Биё то бар муроди хотири худ бинӣ акнӯнаш