То шуд зи матлаъи ғайби хуршеди ҳасани толеъ
Ушшоқи бенаворо масъӯди гашти толеъ
Мо аз ҷаҳон малулем аз хешу ғайри фориғ
Гашта ба ним ҷуръа дар кунҷи дайри қонеъ
Соқӣ , биор ҷомӣ каз худ раҳами замонӣ
Магузор то гузорам бе бодаи умри зойеъ
Ҷузи ҷом ту нанӯшанд ушшоқ дар харобот
Ҷузи номи ту нгўинди зӯҳҳод дар сўомъ
Чун қилу қол ҳар кас бо маст дар нагирад
Дар ҳақ мо набошад панди фақиҳи нофеъ
Ҳоли даруни пари хӯн аз халқ чун бапушам
Чун кард пеши мардуми ашками баёни воқеъ
Бигузар зи хеши хусрав ,гар васли ёри ҷӯӣ
Зон рӯ ки нест ҷузи ту дар роҳи васли монеъ