Ошиқ шудаму муҳаррами ин кор надорам

Фарёд ки ғам дорам ва ғмхўор надорам

Он айш ки ёрӣ диҳадам сабр надидам

Ваон бахт ки пурсиш кунадам ёр надорам

Бисёр шудам ошиқу девона аз ин пеш

Он сабр ки ҳар бори бади ин бор надорам

Як синаи пар аз қисса ҳиҷраст , валикин

Аз тнгдлии тоқат гуфтор надорам

Чун рози буруни нФтдм аз парда ки ҳар чанд

Гӯйанд марои гиряи нигаҳдор , надорам

Ин кӯрии чашмами ғам нодидан ёраст

Варна ғами ин чашми гуҳар бор надорам

Гӯйанд ки бедори мадори ин шаби ғам ро

Андоза ман нест ки бедор надорам

Дорам ғами дидори ту бисёр на андак

Лекини ғами худ андак ва бисёр надорам

Ҷоно , чу дили хаста ба савдоӣ ту дорам

ӯ донаду савдои ту , ман кор надорам

Хўнриз шигарфаст лабат , саҳл нагирам

Меҳмон азизаст ғамат , хор надорам

Дорам ҳаваси зистанӣ низ , валикин

Парвонаи он лаъл шкрбор надорам

Маргами зи ту давр афганд , андеша ам инаст

Андеша аз ин ҷон гирифтор надорам

Хӯн шуд дили хусрави зи нигаҳи доштани роз

Чун ҳеҷ касе муҳаррам асрор надорам