Марои дили даҳ ки ман сангӣ надорам

Ба ҷузи хӯни ҷигар рангӣ надорам

Дили ман бардае некӯаш , май дор

Вагар бади доряш ҷангӣ надорам

Сари кӯеи гарм расво кунад ишқ

Чу ман ошиқ шудам , нанагӣ надорам

Сурӯди дарди худ бо хеш гӯям

Ки нолонтар зи худ чангӣ надорам

зи ман то сабри сад фарсанг роҳ аст

Вале ман пой фарсангӣ надорам

Диҳандам панд ва бо ман дар нагирад

Ки ман ақлӣ ва фарҳангӣ надорам

Манам хусрав ки аз ғами кӯҳи Фарҳод

Ба сина дорам ва сангӣ надорам