То бар сари бозор ба мастӣ қадамаш рафт

Баси хирмани мардон ки ба бод ситамаш рафт

Ҳар сабру саломат ки дили сӯхтаро буд

Андари шикани силсилаи хам ба хамаш рафт

Юсуф чу гузар кард ба бозори ҷамолаш

Ҳар моя ки ӯ дошт ба ҳафдаҳ дирамаш рафт

Як рӯз ба шодӣ висолаш нарасонид

Он умри гиронмоя ки моро ба ғамаш рафт

Олӯда нашуд ҳеҷ гуҳии домани нозаш

Зон хӯни азизон ки ба зер қадамаш рафт

Бисёр сроФгндаҳ ба шамшери сиёсат

эй давлати он сар ки ба теғ карамаш рафт

Рафт аз қалами ҳукм ки дар ишқ равад ҷон

Алқсаҳ , ҳамон рафт ки андар қаламаш рафт

Ҷон дид чу хунрезии султони хаёлаш

Бастади кафану теғ ба зер илмаш рафт

Бар ёди ваии имшаби шаби хусрав ба дарозӣ

Кӯтоҳ нашуд ,гар чаҳ маӣ беш ва камаш рафт