зи ишқати биқрорм , бо ки гӯям ?
зи ҳиҷрати хору зорам , бо ки гӯям ?
Наме пурсӣ зи аҳволам ки чунӣ
Парешони рӯзгорам , бо ки гӯям ?
Ҳаме хоҳам ки бифиристам саломӣ
Чу як муҳаррам надорам , бо ки гӯям ?
На як муҳаррам ки рози дил тавон гуфт
Фаровон роз дорам , бо ки гӯям ?
Дилами барадӣ , ғам корам нахурдӣ
Харобаст рӯзгорам , бо ки гӯям ?
Надорад ҷузи таманнои ту хусрав
Ҷамолат дӯст дорам , бо ки гӯям ?