Ман ошиқи он рух чу моҳам
Гӯи зори макаш ки бе гуноҳам
Тороҷ ғамат шудам ки фитна
Зад дар шаби гесуии ту роҳам
Аз шуъла басӣ гурехт пашмам
Ҳам дод азин намад кулоҳам
Дар зистанам намонад умед
Вар монад туро ҳаёт хоҳам
Бар ман нафасии биханд то бўк
Субҳии дамад аз шаби сиёҳам
Пухта нашудам зи ишқ ҳар чанд
Ҷон сӯхта шуд зи дӯди оҳам
Гуфтӣ ки « гуҳӣ надошт хусрав
Он сабр ки буд чанд гоҳам »