Инак ба кӯии ёри худ ман баҳри мурдан май рӯм
Бо ман ки хоҳад омадан , бар ҷони супурдан май рӯм
Ман май рӯм то бингарам , чандаст кушта бар дараш
Худро миёни куштагони баҳр шумурдан май рӯм
Чун дигарон май мехуранд аз соғари васли ту , ман
Зини ғуссаи сӯии майкадаи хуноба хӯрдан май рӯм
Майдони васлат , эй писар , ҷон медиҳанд , гӯ ме баранд
Ман низ аз сари хостм , чун гӯии бурдан май рӯм
Бар куштани хусрав магар дорад шаҳи ман орзӯ
Ҷон бар каф акнӯн бар дараш ман баҳри мурдан май рӯм