Ҳар саҳарӣ ба кӯии ту шуълаи вои худ кашам
Чанд ба синаи халқро доғи ҷафои худ кашам !
Бас ки бихуфтам аз ғамат , фарқ набошадам дигар
Гар ба даруни перҳани ришта ба ҷои худ кашам
Ишқ буд балои ман , кош буд ҳазор ҷон
Каз паии дӯстии ҳамаи пеши балои худ кашам
То ба сарои хештан як нафаст надида ам
Ҳар нафасӣ ба дарди худ дарди сарои худ кашам
Шаб ки ба гашти кӯии ту хорам агар ба пои хулд
Аз мижа сӯзанӣ кунам хори зи пои худ кашам
Рафт хато ки сар бишуд хок дар ту , теғи кӯ
То сари худ қалам кунам , хат ба ?хитои худ кашам
Даъвии ёру зуҳди бад , ваа ки нест раҳ ба дил
Пеш дар ту ҳиммати сидқу сафои худ кашам
Баҳр висол мекашад хусрави хастаи дарду ғам
Бар ту чаҳ миннатаст , чун ҷавр барои худ кашам ?