Мо гирифтори ғам ва аз хештан вомонда ем
Раҳматӣ , эй дӯстон , каз дӯст танҳо монда ем
Сахт ҷонему балокаши зи орзӯӣ рӯй дӯст
Зинда кам монад касе дар ошиқӣ , мо монда ем
Ҳиҷр хоҳад кишт акнӯн ки ба чандини ошиқӣ
Токунӯн нокушта зон бе раҳми раъно монда ем
Сабр то бо кори гардиш аз балоӣ мо гурехт
Мо ва бесабрӣу меҳнати ҷумлаи як ҷо монда ем
Гар бигӯям , эй мусулмонон , нишоед манъ , аз онк
Дардмандему з рӯй ёри зебо монда ем
Дӯстон аз мо ҷудои гаштанд , чун хӯн нигарӣем ?
Ҳеҷ медонед охир каз каён вомондаем ?
Гар биёеи ҷони хусрав , зистам , варна зи шавқ
Мурдан омад ё худ инак бар сари по монда ем