Аҳдҳоро гуҳ он шуд ки зи сар тоза кунем
Меҳрҳоро ба дили хастаи асар тоза кунем
Ғазали сӯхтаи хоҳем аз он мутриби маст
Доғи деринаи худ бози зи сар тоза кунем
Ҷигари сӯхтаро риш куҳан бигушоӣем
Дардҳоро ба ҳамаи шаҳри хабар тоза кунем
Дӯстро дарди дили худ ба фиғони ёди диҳем
Боғро нолаи мурғони саҳар тоза кунем
Бода нӯшем барон рӯйу пиёла ҳар дам
Гар ба нимӣ расад аз хӯни ҷигар тоза кунем
Масту лоиъқл бо дӯст ба бозор шавем
Қиссаи ишқ ба ҳар кӯча ва дар тоза кунем
Чун хӯрдаи бода , лабаш пок кунем аз доман
Вази сари олӯдагии домантар тоза кунем
Имшаб онаст ки афсона ҳиҷрон гӯйем
Вари турои хоби барад , бор дигар тоза кунем
Зинда дорем аз ин пас шаб , агар умр шавад
Пас дуои шаҳи ҷамшеди гуҳар тоза кунем
Зулфи ошуфта аз он рӯй ба як сӯй наҳем
Ҷони озурдаи хусрав ба назар тоза кунем