Мо ба кӯии ту сгоним ва ба роҳ ту хасем

Ин ки пеши ту пасаст , аз ҳамаи рӯ низ пасем

Баҳри як саҷда ба роҳи ту саросар ишқем

Баҳри як бӯса ба пои ту лаболаб ҳавасем

Дигаронро чаҳ кунӣ гирди рухи хеши сапанд

Каз пай сӯхтанӣ ҳам ману дил ҳар ду басем

Гар навозанд рақибони ту моро , хокем

Вар бисӯзанд , бисӯзем ки хошок ва хасем

Мо ки бошем ки моро саги худ ном наҳй ?

Ин сухан бо дгарии гӯй ки мо ҳеҷ касем !

Дар миёни ҳеҷ нау хушки забонӣ ба даҳон

Олимӣ карда пари овози ту гӯйӣ ҷарасем

Узр тақсир нахоҳем ки аз хизмат рафт

Гар худо хоста бошад ки ба хизмат бирасем

Ба яке ҷуръа май бози хар аз худ мо ро

Ки ба бозори фано дар гарав як нафасем

Ту ҳумое ба карам соя фикан бар хусрав

Ки зи ночизе чун соя пар магасем