Чун нолаи баҳр диданат аз ноз баркашам

Хоҳам ки ин ду дида ғаммоз баркашам

Бонги баланди хезад аз оташ , чу шуд баланд

Нолиданам ҳамонаст , чу овоз баркашам

Сабрӣ набошад , ар чаҳ ки ҳар дами зи хӯни дил

Дар хонаи нақши он бути знор бар кашам

Бар ёди қоматат чу бгрим , аҷаби мадор

Каз гули ҳазор сарв сарафроз баркашам

ӯ дар диласту сабри бкрдм , ҳазор бор

Гар хешро фурӯ барам ва боз баркашам

Расво шудам , зи халқи гарми дастрас буд

Як як забони сифла ва ғаммоз баркашам

Дасти азиз гар бигушоед ба куштанам

Худ теғи он савор срондоз баркашам

Ёрон бсухтанд зи ман , хусрав , оҳи гарм

То чанд пеши ҳамдам ва ҳамроз баркашам !