Агар на рӯй ту бубинам , ба моҳтоб набинам
Вгрчаҳ моҳ битобад , ба моҳ тоб набинам
Дар он замон ки набинам туро ба чашм чу абрам
Чунон баборади борон ки офтоб набинам
Ба хонаи соя ҳаме гирадам зи фикрати зулфат
Ки офтоб дар ин хона хароб набинам
Висол хоҳам ва ин дар ба рӯй ман ки кушояд
зи хандаи шаккаринат чу фатҳ боб набинам ?
Ба васл чанд тавон гуфтанам « ҳануз таваққуф »
Кунам таваққуф , агар умрро шитоб набинам
Тамаъ буд зи даҳон ту шарбатем , валикин
Савол аз ки кунам , чун раҳ ҷавоб набинам ?
Чу дил сухан нашунӯд ва ту оқибати брбўдӣ
Равон бикаш ки нигаҳи доштан савоб набинам
Ҷуз об менаравад аз ду чашми хусраву тарсам
Ки чанд рӯз дигар хӯн равад ки об набинам