Бирафт умр ва ба сӯии худоӣ рӯй накардам

Бишуд ғанимату авқот ҷустуҷӯӣ накардам

зи лавси фисқи дили ман чигуна даст бишӯяд ?

Ба ғусли ҷои надомат чу дида чуӣ накардам

Сиёҳи рӯеи худро ба об дида нишастам

Ба сафи мардони худро сифед рӯй накардам

Тариқи ширдилиҳои шбрўон чаҳ шиносам

Ки суҳбатии ду се шаби босгон кӯй накардам ?

Куҷо ба ҳазрати султони қабул ҳол бияёд

Сиррӣ ки дар хами чавгони ишқ гӯй накардам

Димоғ кард чунинам ки таййиб халқ надонам

Зуком дошт бар онам ки машк буи накардам

Ба тарк хуй бидам медиҳанд панд , валикин

Кунун чигуна кунам , каз нахуст хуй накардам ?

Тамом умр барандохтам ба кизб ки ҳаргиз

Ба сидқи пеши худои қомати ду тӯй накардам

Ваболи ман ҳама шеър омаду дареғ ки хусрав

Нагуфт « хомӯш » ва ман тарк гуфтугӯӣ накардам