Ҳар шаб аз шавқи ҷома пора кунам
Ошиқи ошиқам , чаҳ чора кунам
Гар барояд ма аз гиребонаш
Доман аз гиряи пар ситора кунам
Аз дарунам бурун нахоҳад рафт
Гар чаҳ сад ҷои сина пора кунам
Хӯн шуд ин дил , нигари зи баҳри ҷеффот
Дили дигари зи санг хора кунам
Ҷуръае гар биёбам аз лаби ту
Суфиёнро шароб хора кунам
Чанд гӯйӣ ки сабр кун дар ҳиҷр
Гар тавонам ҳазор бора кунам
Ман ҳаме меРом ва ту оби ҳаёт
Чун тавонам зи ту канора кунам
Ту кунӣ ҷавр бар дили хусрав
Ман чу бегонагон назора кунам