Биё то бегул ва саҳбо набошем

Ки гул бошад басӣ ва мо набошем

зи гул нозук тарем ва чанд гоҳе

Ба ҷузи зери гул ва хоро набошем

Биё , ёро ва бо мо бош имрӯз

Чу май доне ки мо фардо набошем

Чу танҳо бӯданӣ , бояд , ҳамон ба

Ки аз ҳам суҳбатон танҳо набошем

Чу нагузоранд як ҷои дӯстон ро

Чаро бо дӯстони як ҷо набошем ?

Чу зери пой май бояд шудани хок

Чаро чун хоки зер по набошем

Чу бӯдан нест , хусрав , ҷузи ду рӯзӣ

Ду рӯзӣ низ бигузар то набошем