Ҷоно , гузарӣ ба бӯстон кун

Бодаи хуру рух чу арғавон кун

Ҷонҳо ки гаронаст нархи эшон

Як бори биханд ва ройгон кун

Аз ғамза равона кун хадангӣ

Як ҷони марои ҳазор ҷон кун

Гар май кашеми зи кас чаҳ пурсӣ ?

Чизе ки туро хуш ояд , он кун

Зан дар дили хусрави оташ , аммо

Худро зи миёна бар карон кун