Хоби зи чашм ман бишуд , чашми ту басти хоби ман

Тоб намонда дар танам , зулфи ту баради тоби ман

Фитнаи чашми ту ситади хоби маро ба аҳди ту

Фитна чу хоб кам кунад , баҳр чаҳ бардаи хоби ман ?

Ташнаи хӯн фитнаам , бас ки бихӯрад хӯни ман

Душмани об дидаам , бас ки бирехт оби ман

Дард сарят медиҳад гиряи зори ман , балӣ

Худ ҳамаи дарди сар буд ҳосили ин гулоби ман

Сӯзиши худ чаҳ гӯямат , бас ки бигуфт дмбдм

Оташи дил ба сад забон , ҳоли дили кабоби ман

Рӯзи ман аз ту гашти шаб , вари ғам равшанӣ хӯрам

Оҳ ҷаҳон фурӯз дил , бас буд офтоби ман

Дар шаби моҳтоб , агар саги ҳамаи шаб фиғон кунад

Он саги бофиғони манам , рӯй ту моҳтоби ман

Умр шитоб мекунад , вақти вафоӣ аҳд шуд

Ҳаст зи умр бе вафои бештари ин шитоби ман

Аз ту эй кӣ фитад соя бар ошёни мо !

Ҷғд ба ҳила май пурд дар ватани хароби ман

Дай дар ту ҳаме задам лаб ба ҷафо кушодем

Бахт дар дигар гушӯд аз паии фатҳи боби ман

Бӯса савол кардамат , бӯса задӣ ба зери лаб

Гар на ман аблаҳам , ҳамин бас набӯд ҷавоби ман

Хусрав аз инқилоби ту ,гар чаҳ ки монад бе сукӯн

Ҳам зи сукӯн ба дил шавад , ин ҳамаи инқилоби ман