эй дил , зи ваъдаи каҷи он шӯх ёд кун
Худро ба ишва ,гар чаҳ дурӯғаст , шод кун
Банавис номае ва раво кун ба дасти ашк
Лек аввал аз сиёҳии чашмам савод кун
То чанд худ мурод кунӣ сад ҳазор кор
Як кор бар муроди ман бемурод кун
Инак савора меравад ва то бубинамаш
эй оби дидаи як нафасӣ истод кун
Хусрав , чу нарад ишқ ба ҷони бохтӣ , кунун
Мондан ба дасти тест , гаравро зиёд кун