эй бӯда дар қафои ту доими дуои ман

Бегонагӣ макун ки шудӣ ошнои ман

Даст аз ҷафо бидор , вагарна дуо кунам

То дод ман з ту бастанд худои ман

Гар ман дуо кунам ба саҳаргоҳ , вои ту

Гар даст ман нагирӣ , сад бори вои ман

Ту аз барои ишқӣу ишқ аз барои ту

Ман аз барои дардаму дард аз барои ман

Ту подшоҳи ҳасанӣу хусрави гадои ту

эй ҷон , бигӯ ки кист фақиру гадои ман ?