Дареғи суҳбати деринаи вафодорон

Хуши он нишоту тнъм ки буд бо ёрон

Чу аз шукуфтани нўрзўи айш ёд кунам

Ба чашми ман гул , агар нестанд аз он ёрон

Чу дӯстони вафодор рахт барбастанд

Ҷаҳон чигуна тавон дид бе вафодорон

Падед нест яке ҳам аз он , таъолии аллоҳ

Набӯдаанд магари он хуҷастаи дилдорон

Фироқ карда дили мо харобу марҳам на

Ба ҳуққаи фалак аз баҳри ин дили аФгорон

Дило , бидон ки ба таъбири ҳам наме арзад

Ҷаҳон ки сӯрат хобаст пеши бедорон

Азизи ман ба матоъи замона ғарра машав

Ки онаст доруӣ кӣса барону тарророн

Чу умр меравад аз ҳирсу оз , ҷон чаҳ кунӣ ?

Ба ҳарза чанд тавон кард кори бекорон

Салоҳи нафаси мҷу , хусрав , зи дили худ , аз онк

Табиб мурда насозад алоҷи беморон