Нагӯям дар ту айбӣ , эй писар , ҳаст

Валикин бе вафоеи ин қадар ҳаст

На дар ҳиҷри туами хоб ва қарор аст

На дар ишқи тавъам аз худ хабар ҳаст

Аз он новак ки аз чашми ту бар ман

Ҳанузам захми пайкон дар ҷигар ҳаст

Дамии ғоиб нае аз пеши чашмам

Агар даврӣ , хаёлат дар назар ҳаст

Сабк бошад сари холии зи савдо

Ману савдои ҷонон то ки сар ҳаст

Напиндорам ки дар гулзори фирдавс

зи рухсорати гулии покиза тар ҳаст

Таъолии аллоҳи қбопўшӣ ки ӯ ро

Камар бар мӯӣу мӯе то камар ҳаст

Таманноӣ дилам кардӣ ва додам

Бифармо ,гар таманноӣ дигар ҳаст

Шаби ҳиҷрон дарозаст арча хусрав

Машав ғамгин ки умед саҳар ҳаст