Дилам ошуфта шуд , ҷоно , ба болои балои ту
Бикун раҳмӣ ба ҷони ман ки гаштами мубталои ту
Агар рои ту ин бошад ки ман донам ҷафои байнам
Ҷафои ҷумлаи оламро кашам , ҷоно , барои ту
Миён бигушоӣ , варна перҳани сад чок хоҳам зад
Ки дар дили бас ки раҳ дорам ман аз банди қабои ту
Рақибатро намехоҳам , илоҳӣ , нест гирдонаш
Ки доим мекунад маҳрӯми моро аз лақои ту
Агар ту ҳар рақибиро ба ҷои банда май дорӣ
Биҳамдиллоҳ ки хусравро касе набӯд ба ҷои ту