Зинсон ки новак мезанад чашми шкорондоз ӯ

Бисёр мард ширдил коед шикори ноз ӯ

Ҷое ки бо ҳар тор мӯ шуд бастаи сад гардани кашиш

Бо мо чаҳ айёрӣ кунад зулф каманд андоз ӯ

Бар ҳукми он хат қазо бинвиштааш бар гирди рух

Ҷон вом дорад ӯ бибин мари ошиқи ҷонбоз ӯ

Гуфтӣ ки мурғи ҷонатро банду қафас бисёр шуд

Ин ҳам намонад , эй ҷон , басӣ наздик шуд парвоз ӯ

Шавқӣ ки ҳаст аз шамъи худ олӯдаи оташи маро

Гар мутриби орад дар навои тарсам , бисӯзад соз ӯ

Хусрав нанолад пеши кас зеро ки гиряд халқи хӯн

Бас каз ҷароҳатҳои дил хӯн мечакад зоўоз ӯ