То дили зи туам ба ғам нишаста

Ҷон дар гузар адам нишаста

Бар хок дар ту ман муқӣм

Монанди саг ҳарам нишаста

Ҳар кас ки бидид ҳасани рӯят

Дар хонаи зуҳд кам нишаста

Он хати ғубор бар изорат

Чун ҳиндӯии пушт хам нишаста

Ҳастам ба рақиби нокас , эй дӯст

Чун хор ба гул дижам нишаста

Меҳр аз ҳуши рухи ту ҳар шаб

То вақти саҳар ба ғам нишаста

Аз давлати васли тести хусрав

Бар маснаду тахт ҷам нишаста