Дар хӯни манам , эй санам , нишаста
Вази ишқи ту дар ?илам нишаста
Монанди ту дилбарӣ ба хӯбӣ
Дар маликати ҳасан кам нишаста
Он абрӯии шӯхи дилрабоят
Бигрифта дил ва ба хам нишаста
Ҳар кас ба мақому манзили хеш
Дар кӯии ту чун сагам нишаста
эй сӯфӣ бесафо ба миҳроб
Чун мардум бе надам нишаста
Хусрав ба ҳарими ишқи фориғ
Аз замзам ва аз ҳарам нишаста