Ма ба зулфи ту гар шавад баста
Ҳар замони хуб тар шавад баста
Гар ба зулфи ту чашм бигушоем
Мӯӣ дар мӯ назар шавад баста
Чун гушойии даҳони ширин ро
Тангҳои шукр шавад баста
Гар зи ҷаврат ба чарх нола кунам
Чархро ҳафт дар шавад баста
Дида каз хоб баста ме нашавад
Ҳам ба хӯн ҷигар шавад баста
Аз дами сарди ман аҷаб набӯд
Оби чашмам агар шавад баста
Бандаи хусрав ки дил ба меҳри ту баст
Кӣ ба меҳр дигар шавад баста