Сар дар хумор , шаб ба канор ки бӯдае ?
Лабҳо фигор , ҳамдаму ёр ки бӯдае ?
Сунбул ба тоби рафтау наргис ба хоби ноз
Шаб то ба рӯзи бодагусор ки бӯдае ?
Шамъи мурод ман нашудӣ як шабии тамом
Моҳи тамом , дар шаби тор ки бӯдае ?
Бо чашми оҳӯона ки шерон кунад шикор
эй оҳӯии рамидаи шикор ки бӯда Эй
Сарват ҳануз ҳаст дар оғӯши хостн
эй сарви ним руста , баҳор ки бӯдае ?
Зон рӯ ки ҷӯии чашмаи хуршед хӯн гирифт
Хунобаи шӯии гиряи зор ки бӯдае ?
Карти чунин ки пардаи дилҳо даридан аст
Имшаб ба пардаи муҳаррами кор ки бӯдае ?
Моро зи ашки сад ҷигари пора дар канор
Ту пораи ҷигар ба канор ки бӯдае ?
Бар риши хусравати намакии ҳам дареғ буд
Марҳами расони ҷони фигор ки бӯдае ?