Чун менарасад даст ба пое ки ту дорӣ
Кам зонка шавам хоки сарое ки ту дорӣ
Бозанад ҷаҳонро ба яке дов , бинозанд
Ман ҳар ду бибозам ба дағое ки ту дорӣ
Зинҳор наҷӯӣ дили озурда ӣ мо ро
эй боди сабо , гашт ба ҷое ки ту дорӣ
Гар бад накунӣ дил , тани ту тан натавон гуфт
Ҷонии сети ниҳони зери қабое ки ту дорӣ
Афсӯс буд ҷаври ту бар ҳар дилу ҷонӣ
Ман донам ва ман , қадари ҷафое ки ту дорӣ
Сад хирқа ӣ сӯфӣ ба харобот гарав кард
Он наргиси махмури балое ки ту дорӣ
Ранҷа машав эй зоҳиди нек , аз паии ман , зонк
Дил боз наёяд ба дуое ки ту дорӣ
Хусрав ба забони тавба ва дар дил майу шоҳид
Аҳсант аз ин сидқу сафойӣ ки ту дорӣ