Рухсора макун рост ба ҷое ки ту бошӣ
Вар рост кунӣ , турфаи болоӣ ки ту бошӣ
Гуфтӣ чу бибинӣ рухи моро ғами худ хур
Аз ҷон ки кунад ёд ба ҷое ки ту бошӣ ?
Аз дида науфтад гузариш бар ту нагӯйӣ
То хок шавам дар таҳи пое ки ту бошӣ
Шояд ки наёрӣ ба назари малики ҷаҳон ро
Дар кулбаи аҳзони гадоӣ ки ту бошӣ
Халқӣ ба дами сарди бимирад ба дарат , онкӣ
Хуршед нтобад ба сарое ки ту бошӣ
Хусрав , агар аз шеър бароне сухани ишқ
Аҳсант , зиҳии шеъри сарое ки ту бошӣ