Рӯз наврӯзасту соқии ҷом саҳбо барграфт

Ҳар касе бо шоҳид ва май роҳи саҳро бар гирифт

Гирди раҳ бар чашми худ наргис ки дардаш ҳам накард

Хубрӯеро ки пои баҳр тамошо барграфт

Сарв бо хубон хиромаш карду не май хост , лек

По накардаш по агар чаҳ бештар по барграфт

Ҳаст саҳро чун кафи даст ва бар ӯ лола чу ҷом

Хуши кафи дастӣ ки чандини ҷом саҳбо барграфт

Наргиси андари пеши гул ,гар ҷом май бар сар кашид

Боғбонаши масту лоиъқл аз онҷо барграфт

Лоларо савдои хомӣ буд , бо сад шарбати абр

Аз димоғ лола натавонист савдо бар гирифт

Дар чаман рафтам ки наргиси чинам аз паҳлавии гул

Чашм натавонистам аз рӯҳои зебо барграфт

Кор бо девонагӣ афтод хусравро , аз онк

Сари з мехӯрдан нахоҳад соқӣ мо барграфт