Навбаҳорасту гулу мавсими ид , эй соқӣ

Бодаи нӯшу гузар аз въду ваъид , эй соқӣ

Рӯз маҳшар набӯд ҳеҷ ҳисобаш ба яқин

Ҳар ки дар кӯии Муғони гашти шаҳид , эй соқӣ

Гашти паймона чу тасбеҳи равон дар кафи шайх

То зи лаъли ту яке ҷуръа кашид , эй соқӣ

Ҳосил аз умр надорад ба ҷуз аз ҳасрату дард

Ҳар ки идаст зи майхонаи баъӣд , эй соқӣ

Онкӣ дар кӯии муҳаббати қадам аз сидқи ниҳод

Дигар ӯ панд адӣбон нишнид , эй соқӣ

Борҳо карда бидам тавбаи з май , бози маро

Чашми масти ту ба майхона кашид , эй соқӣ

Зоҳид аз шарми ту доим сарангушт газад

Ҷуз дар майкада ҷое магаред , эй соқӣ