То ту рӯй чу моҳ бинмое
Натавон дид рӯй бенаӣ
Ним болой ту набошад сарв
Ки ту сарви тамоми болоӣ
Ба тамошои қадам чаҳ ранҷа кунӣ ?
Ту ки сар то қадами тамошое
Гӯйӣ аз ҳасрати наботи лабат
Шишагар гашти чархи миное
Рӯй бинмоӣ то дарав дорем
Каз рухи ойӣнаи мусаффое
Пештар зонка баради донеи ранг
Натавонӣ ки рӯй бинмое
Пеши зулфат фитодаам шабҳо
Дев мегирадам зи танҳоӣ
Бастаи зулфро бигӯ , ёрӣ
К-эии фалон , дар кадоми савдое ?
Бе ту чун зулфи ту пас омада ам
Чаҳ шавад ,гар ба рФқи пеши ое ?
Бӯсае чанд бандаи хусрав ро
Бар лаби худ барот фармое