Моҳ тобонаст ва ҳамчун рӯй ту тобанда нест

Абр боронаст ва ҳамчун чашми ман боранда нест

Пеш рафторат наёяд роҳи Кебекам дар назар

Гар раванда ҳаст , лекини ҳамчуи ту оянда нест

Ҳур бисёраст , дил бурдан наёрад ҳамчуи ту

Шӯху айёру мақоми пеша ва бозанда нест

Чун балое нест чашматро ба куштан боз кун

Ҳар ки дар аҳдат ба марг хеш мерад , зинда нест

Дили крои сӯхт дар ин ғам бар ман дили сӯхта

Ҷузи дили ман чун касе паҳлавӣ ман сӯзанда нест

Дар вафои ёр бояд бохти бории ҷони хеш

Чунки ҷони биўФо бо ҳеҷ кас поянда нест

Чанд дида бар замин сояд зи ишқи пои ту

Чашми хусрав , ков ба хокӣ аз дарат монанда нест