Ёр агар баргашт дар тимор бӯдан ҳам хуш аст
Вари шикебе буд беёр бӯдан ҳам хуш аст
Иззатӣ гар нест моро назд хубон , айб нест
Ошиқонро пеши хубони хор бӯдан ҳам хуш аст
Ҷангҳои ӯ хушаст ар оштиро ҷо буд
Взътобу хашм дар озор бӯдан ҳам хуш аст
Гар чаҳ хуфтани хуш буд бо ёр дар шабҳои васл
Лек дар шабҳои ғами бедор бӯдан ҳам хуш аст
Андаки андаки гуҳи гуҳӣ бо ёр бӯдани хуш буд
Вар муяссар гардадам бисёр бӯдан ҳам хуш аст
Чун мусулмон буд , менатавонам аз даст батон
Пеши бут бар бастаи зуннор бӯдан ҳам хуш аст
Гар чаҳ аз ман шер мардӣ ноед андари кӯии ишқ
Чун сгонми шуҳраи бозор бӯдан ҳам хуш аст
Бохабар бӯдан хушаст андари мақоми зоҳидӣ
Бехабар дар хонаи хумор бӯдан ҳам хуш аст
Хсрўо ,гар дар наме ганҷӣ ба хилватгоҳи дӯст
Ҳамнишин бо ошиқони зор бӯдан ҳам хуш аст