эй маъдани ноз , ноз то кӣ ?
Бар ман дар ту фароз то кӣ ?
Дар ҳасрати як назар бамурдем
Чашми ту ба хоби ноз то кӣ ?
Ту абрӯии хеш май парастӣ
Дар қиблаи каҷи намоз то кӣ ?
Шамъами хуоне ва сӯзем зор
Бар сӯхтаҳо гудоз то кӣ ?
Бас нест ҳалоки ман ба зулфат
Дигари шаби ман дароз то кӣ ?
Тирӣ ки бар сина хӯрд Маҳмӯд
Дар кашмакаши Аёз то кӣ ?
Бухли ту барои ним бӯсӣ
Бар хусрави поки боз то кӣ