эй ки ба ғамза мекунӣ қасди шикори дайгарӣ

Ғайри ҳалок мо макун майл ба кори дайгарӣ

Гашти чаман чу май рӯй бар дили гарми могзр

Гулхани ошно ба аз боғу баҳори дайгарӣ

эй ба ҳазор мартабаи зи оби ҳаёти пок тар

Ҳайф буд ки бугзарад бар ту ғубори дайгарӣ

Ҷони ҳазор пораро пеши саг ту ме кунам

Зонка ба даст ҳамтем нест ғубори дайгарӣ

Хусрави хаста ҳар куҷо нола кунад зи дасти ту

Кӣ ба дарун асар кунад нолаи зори дайгарӣ

* * *