Муфлисӣ аз подшоиӣ хуштар аст

Муфсидӣ аз порсое хуштар аст

Подшоҳии рости дарди сар , вале

Чун нигаҳ кардам гадоӣ хуштар аст

Подшоҳон чун ба худ ндиҳанд роҳ

Бо фақирон бенавое хуштар аст

Одамӣ чун кибр дар сар ме кунад

Бо санги кӯҳ , ошноӣ хуштар аст

Дил ки аз савдои хубони бишиканад

Он шикаст аз мумиёе хуштар аст

Ошкорои ъшқбозӣ бо батон

Аз басии зуҳди риёе хуштар аст

Нест лиззати ишқро баъд аз висол

Ъшқбозонро ҷудоӣ хуштар аст

Ишқи дунон , хсрўо , аз сари буна

Ишқ бо сари худоӣ хуштар аст