Ҳар ки нигаҳ дар ту кард беш ба бустон нарафт

Ва орзӯӣ рӯй ту аз гул ва райҳон нарафт

То ту намӯдӣ ҷамол , нақши ҳамаи некӯон

Рафт бурун аз дилам , нақши ту аз ҷон нарафт

Хасми басӣ таъна зад , дӯсти басӣ панд дод

Чашм ба сӯии ту буд , гӯш бадишон нарафт

Сайл маломат расед , кӯҳи ғам аз ҷои бабрад

Субҳ қиёмат дамид , венаи шаб ҳиҷрон нарафт

Ваа ки чу наргис чаро кӯр набошад мудом

Дида ки болои он сарв хиромон нарафт

Мастӣ ва бадномем айб нагирам , аз онк

Ошиқи бечораро кор ба сомон нарафт

Гар ҳама ҷом балост нӯш куну сабри гӯй

Ин ки зи комат ҳануз талхӣ ҳиҷрон нарафт

Ишқ ба мо нокасон раҳм наёвард , аз онк

Кун макун подшоҳ бар даҳ вайрон нарафт

Гом зада бар ҳарир кӣ супурди ин раҳ , онк

Дидаи қадами сохта бар сар пайкон нарафт

Ёр ки бикшод шаст бар дили маҷрӯҳи ман

Тир бурун рафт , лек чошнӣ аз ҷон нарафт

Рафтан хусрав хатост бар сари кӯй батон

Мӯрчаи баҳри ҳаёт бар раҳ султон нарафт