Оби ҳаёти ман ки нам аз ман дареғ дошт

Хок раҳаш шудам , қадам аз ман дареғ дошт

Ман ҳар шабӣ нишаста зи ҳиҷраш ба рӯзи ғам

ӯ пурсишӣ ба рӯзи ғам , аз ман дареғ дошт

Гуҳи гуҳ ба буи ӯ шудамӣ зиндаи пеши азин

Он низ боди субҳдам аз ман дареғ дошт

Гаштами зи фарқ то ба қадами ҳалқа чун рикоб

Ваон шаҳсавори ман қадам аз ман дареғ дошт

Бар дигарон навишт басии номаи вафо

Бар ҳошияи саломи ҳам аз ман дареғ дошт

Сад дӯст беш кишт , на ман низ дӯстам

Охир чаҳ шуд ки ин карам аз ман дареғ дошт

Ман дар сар қалам задам оташи зи дӯди оҳ

ӯ дӯдаи сари қалам аз ман дареғ дошт

Коғаз магар намонад ки он нохудои тарс

Аз нӯки хомаи як рақам аз ман дареғ дошт

Карданд агар вафо кам вагар беш некӯон

ӯ ҳар чаҳ ҳаст беш ва кам аз ман дареғ дошт

Хусрав чигуна банд кунад сабрро ки ёр

Мӯеи зи зулфи хам ба хам аз ман дареғ дошт