Мӯиро нест ин миён ки турост

Пистаро нест ин даҳон ки турост

Қомати рости сарвро монад

Сарв бошад чунин равон ки турост ?

Ҷони ббрдӣу хуш ҳануз на Эй

Даст бар дил на ин замон ки турост

То чҳо бар ту кардамӣ ман , агар

Ҳасан будӣ марои чунон ки турост

Бар рухи зарди ман биханд ва бигӯ

Хандаи ангези заъфарон ки турост

Гўиёи бештар барои зар аст

Ин сухан бар сари забон ки тар аст

Куштаи гаштами зи абрӯии ту , макаш

Бар дили хусрав , ин камон ки турост